Соли нав дар Тоҷикистон бо сирки Никулин: Ҳунарнамоии нодир дар Душанбе сар мешавад

Сафари ҳунарии сирки афсонавии Юрий Никулин ба пойтахти Тоҷикистон нимаи декабр оғоз гардида, то гусели соли куҳан дар нимаи январи соли оянда идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои тамошобинон бозиҳо бо палангҳои сафед пешниҳод карда шудаанд, ки охири ҳафтаи равон дар саҳнаи Сирки давлатии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳунармандони сирки афсонавии Никулин пешниҳод мешаванд.
Барои тамошобинони тоҷикистонӣ, намоишҳо қариб як моҳ аз 16 декабр то 14 январ баргузор мешаванд.
Дар барнома инчунин баромади гимнастҳо ва масхарабозон дар назар аст, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ. Нархи чипта аз 40 сомонӣ сар шуда, даромад барои кӯдакони то 3-сола бидуни пешниҳоди ҷойи алоҳидаи нишаст ройгон аст.
Масъулини баргузории намоиш мегӯянд, намоиши сиркии "Паланги сафед" ягона дар ҷаҳон аст, ки бо палангҳои сафеди ромкардашуда пешниҳод мегардад.
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Русия барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Онро Ҳунарпешаи шоистаи Русия Сергей Нестеров иҷро мекунад, ки дар бисёре аз саҳнаҳои сирки ҷаҳонӣ садҳо ҳазор тамошобинро ҷамъ кардаасту ситораи ҷашнвораи сирк дар Монте Карло мебоошад.
Баҳои тамошои палангу дигар ҳайвонот, ҳунари варзишкорону масхарабозон вобаста ба ҷои нишаст то 120 сомониро ташкил медиҳад. Барномаи ҳунарӣ ҳудуди 2 соату 15 дақиқаро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия таҳким ёфта, мунтазам сафарҳои ҳунарии санъаткорони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар ташкил мешавад. Аз ҷумла рӯзҳои фарҳанг дар қаламрави ҳамдигар баргузор мегарданд.