ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ масъалаи зарурати иваз кардани президенти Украина Владимир Зеленскийро бештар матраҳ мекунанд.
Дар ин бора дар изҳороти директори Хадамоти иктишофии хориҷии Федератсияи Русия Сергей Наришкин гуфта шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ғарб бар ин назар аст, ки сарвари Украина дар эҷоди симои як ҷонибдори оштинопазири ҷанг бо Маскав то поёни талх аз ҳад гузаштааст", - мегӯяд Наришкин.
Дар қатори дигар сабабҳои эҳтимолии иваз кардани Зеленский, раиси Хадамоти истихбороти хориҷӣ нокомии ҳамлаи ҷавобии Украина, “дағалӣ бепоёни президенти Украина дар муомила бо шарикони хориҷӣ” ва ҳамчунин фасод дар Украинаро унвон кард.
"Аммо чизи асосӣ аз даст додани қобилияти манёври Зеленский дар муноқиша бо Русия ба манфиати Вашингтон ва муттаҳидони он аст”, - гуфт хадамоти иктишофӣ.
Аз ин рӯ, Зеленский наметавонад, агар лозим шавад, “ба манфиати муваққатан “мунҷамид кардани” низоъ ва наҷоти режими русбадбини Киев” ҷонибдори музокирот бо Маскав шавад.
Тибқи иттилои ӯ, дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи ноябр дар Брюссел, аз ҷумлаи ворисони эҳтимолии Зеленский муаян шудааст.
Ҳамин тариқ миёни онҳо сарфармондеҳи артиши Украина Валерий Залужний, сардори Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов, раиси дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак, собиқ мушовири дафтари Зеленский Алексей Арестович, инчунин шаҳрдори Киев Виталий Кличко мебошанд.
Наришкин гуфтааст, ки ба баҳодиҳии ҷомеаи иктишофии Амрико, бо назардошти рушди вазъ дар ҷабҳа, ниёзи Ғарб барои иваз кардани раиси ҷумҳури Украина метавонад ба зудӣ ба миён ояд.