ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Мутахассисони "Росатом" дар моҳи октябр корҳои безараргардонии партовҳои ураниуми вилояти Суғди Тоҷикистонро анҷом доданд
Тафсилотро дар бораи чӣ гуна анҷом додани кор дар барномаи "Sputnik бо забони русӣ" сармуҳаррири "Геоэнергетика Инфо" Борис Мартсинкевич нақл кард.
Ёдовар мешавем, ки мавзеи Табошар яке аз калонтарин конҳои урани Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ин ҷо азхуд кардан ва ғанӣ гардондани маъдани уран, ки соли 1926 дар Табошар ёфт шуда буд, амалӣ гардид ва аз он дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радий ҳосил карда шуд.
Коркарди маъдан то соли 1938 давом кард.Чунон ки мутахассис гуфт, соли 1942 дар солҳои ҶБВ кор бо назардошти замони ҷанг аз нав cap шуд. То соли 1946 корҳо дастӣ гузаронда мешуд, баъд механикисозӣ cap шуд.
Дар солҳои 70-ум кор тамоман қатъ гардид ва минаҳо куфта шуданд. Аммо пас аз қабули барномаи вижаи байнидавлатӣ дар соли 2012 дар ИДМ вазифа гузошта шуд, ки партовҳои заҳролуд комилан безарар гардонда шаванд.
Барнома кишварҳои Осиёи Миёнаро пеш аз ҳама фаро мегирифт, ки солҳои 40-ум дар қаламравашон бо назардошти технологияҳои он замон истихроҷи маъдан ба роҳ монда шуда буд.
Кор бо суръати тез пеш бурда мешуд — дар назди роҳбарияти шӯравӣ вазифаи ҳарчи зудтар сохтани бомбаи ҳастаӣ меистод.
"Шумо ё уранро истихроҷ хоҳед кард, ё аз рӯи дастурҳои амрикоӣ, чуноне дар Хиросима ва Нагасаки карданд, мавриди демократикунонӣ қарор хоҳед гирифт", - гуфт Мартсинкевич.
Анбори кушоди ба истилоҳ корхонаи маъданҳои пастсифат - теппаи маводи хокӣ, ки барои коркарди эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст, боиси нигаронии махсус барои коршиносон буд.
Маъдане, ки аз он уран истихроҷ карда мешуд, ба истилоҳ ба партовгоҳҳо рехта мешуд, дар дастгоҳҳои истифодашуда низ каме радиатсия ҷамъ мешуд.
"На ин маъданҳо хатарнок набуданд, дар он ҷо миқдори зиёди ураниум-238 боқӣ намондааст. Бо вуҷуди он, ки нобудшавии он дароз аст, ва он гази радиоактивиро хориҷ мекунад. Маълум шуд, ки он аз сатҳи иҷозатдодашуда зиёд шуд ва бо ин мубориза бурдан лозим буд”, - гуфт мутахассис.
Дар соли 2022 созишнома ба имзо расид, ки тибқи он "Росатом" ба кор шурӯъ кард, ки бояд моҳи марти соли 2024 ба анҷом мерасид.
"Кор бисёр буд – баландии партовгоҳҳо ба 65 метр расида, ба 35 метр ҳамвор карда шуда, бо хоки махсус пӯшонида шуданд, то чангу ғубор ва аз борон эмин нигоҳ дошта шавад – борон ва обе, ки аз партовгоҳ гузашта, ба замин медарояд, низ хатар эҷод мекунад. ”, - шарҳ дод коршинос.
Хок махсус интихоб карда шуд - барои боэътимод пӯшонидани ҳама чиз қабати думетра истифода мешуд.
"Тамоми пораҳои калоне, ки ҳангоми истеҳсол истифода мешуданд, бурида ва ба ҳавзҳои оҳану бетонӣ гузошта шуданд, онҳо низ бо бетону хок пӯшонида шуданд", - гуфт Мартсинкевич.
Дар доираи корҳо дар маҷмӯъ 1,2 млн метри мукааб хоки радиоактивӣ кӯчонида шуд. Ҳукумати Тоҷикистон корро пурра қабул кард.