Матвиенко гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня"-ро бо солгарди таъсисаш табрик гуфт

"Россия сегодня", ки дар сафи пеши иттилоот қарор дорад, "вазифаи муҳимтарин - инъикос ва ташаккули афкори ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад, бовар дорад Матвиенко
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко кормандони гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва директори генералии он Дмитрий Киселёвро ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин бунгоҳи хабарӣ табрик гуфт.
"Шумо анъанаҳои Совинформбюро, Агентии "Новости пресс", радиои Москва, "Садои Россия"-ро сазовор давом медиҳед. Шумо ин корро бо камоли кордонӣ, саривақтӣ, қатъиян риояи меъёрҳои баланди ахлоқи журналистӣ бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосир анҷом медиҳед",- гуфта мешавад дар паёми табрикӣ.
Матвиенко таъкид кард, рӯзноманигорони "Россия сегодня" дар сафи пеши иттилоот буда, "вазифаи муҳимтарин – инъикос ва ташаккули афкори ҷамъиятиро иҷро мекунанд", "ҳақиқатро дар бораи кишвари мо, мавқеъи поквиҷдону ошкорои он ба тамоми ҷаҳон мерасонанд ва бо ин васила дар таҳким ва ҳамбастагии миёни мардумон саҳм мегиранд".
Киселев журналистикаи русро озодтарин дар ҷаҳон гуфт
"Давоми даҳ соли охир "Россия сегодня" ба як холдинги пуриқтидори серсоҳа табдил ёфт, ки шунавандагони он чӣ дар мамлакати мо ва чӣ дар хориҷ торафт меафзояд, — қайд кард раиси Шурой Федерация. — Орзу дорам, ки шумо ва ҳамкасбонатон минбаъд ҳам дар назди худ мақсадҳои нави баланд гузоред. Боварӣ дорам, ки онҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд".
Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" захираҳои иттилоотии русзабонро муттаҳид мекунад, ки чунин аст: РИА "Новости", радиои Sputnik, PRIME, ПРАЙМ, ИноСМИ, Baltnews, Украина.ру, Навигатори иҷтимоӣ, КОТ ва Arctic.ru.
Ин гуруҳи медиоиро дар хориҷа хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунад. Яке аз маҳсули асосии медиа-гурӯҳ ин наворҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испанӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
"Россия сегодня" бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти иттилоотии Русия аст, ки ба аудиторияи байналмилалӣ, ҷомеаи тиҷорат, ниҳодҳои давлатӣ ва доираи васеи корбарон нигаронида шудааст.