ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар рӯзҳои наздик ҳавои Тоҷикистон ба таври куллӣ тағйир меёбад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2023 ҳавои сард пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ба барф мубаддал мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи зиёд дар назар аст.
Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо рӯзона дамои ҳаво 8-13 дараҷа поин хоҳад рафт.
"Ҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳо туманро пешгӯӣ мекунанд ва шамол бо суръати 15-20 м/с мевазад. Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари резиши тарма бештар мешавад", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳушёр бошанд, аз ҷумла, ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳистонӣ дар ҳолати зарурӣ маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Наҷотдиҳандагон дархост мекунанд, ки дар ин давраба ҳезумчинӣ, дар манотиқи кӯҳистонӣ ба шикор машғул нашаванд, инчунин ҳангоми истифодабарии гармкунакҳо ва оташдонҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.
Ба соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода дар роҳҳои кӯҳӣ мошинро бо ашёи зарурӣ – бел, табар, ҳезум, занҷир, чароғак, маводи ғизоӣ, нерӯдиҳанда барои телефон муҷаҳҳаз намоянд.