Дар Душанбе арчаи солинавӣ гузошта шуд: акс

Бо дастури мақомоти шаҳрӣ майдони рӯбарӯи сирки ноҳияи Фирдавсӣ оро дода шуда, рамзи асосии ид – арчаи солинавӣ гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тоҷикистон барои таҷлили Соли нави 2024 омодагӣ мегирад.
Бо вуҷуди бориши борон, ки рӯзи 9 декабр Душанберо фаро гирифт, фазои соли нав дар шаҳр бештар эҳсос мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон омодагӣ ба Соли нав дар яке аз навоҳии пойтахт мушоҳида кард.
Елка около цирка в районе Фирдавси Душанбе
Бо дастури мақомоти шаҳр майдони назди Сирки давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ оро дода шуд. Дар ин ҷо рамзҳои асосии ид, аз ҷумла арчаи баланд гузошта шудааст.
Елка около цирка в районе Фирдавси Душанбе
Сокинони Душанбе аллакай аз ин зебогиҳо лаззат мебаранд ва албатта аксбардорӣ мекунанд.
Аввалин барф дар Тоҷикистон
Дар хиёбону кӯчаҳо низ майдонҳои махсус барои пешвози ин ид оро додаанд. Дар тамоми шаҳр оҳиста-оҳиста рамзҳои Соли нав пайдо мешаванд. Бо вуҷуди он ки дар Душанбе ҳоло барф наборидааст, вале фазо ҳамоно идона аст.
Елка около цирка в районе Фирдавси Душанбе
Маврид ба зикр аст, ки соли 2020 дар Душанбе арчаи солинавӣ гузошта нашуд. Он замон мақомот сабаби нагузоштани арчаро ба пандемияи коронавирус рабт доданд. Пасон, аз соли 2021 ба ин сӯ ҳамасола дар ҳар чор ноҳияи Душанбе арчаҳои калони солинавӣ гузошта мешаванд.
Имсол арчаи асоси дар майдони "Истиқлол" бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр қомат меафрозад.