ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин розигияшро барои иштирок интихоботи президентии соли 2024 додаст.
Дар ин бора сарвари давлат, ки пас аз маросими тантанавӣ бахшида Рӯзи қаҳрамонони Ватан баён доштаст.
Ба гуфтаи ҳозирини суҳбат, бо дархости дахлдор ба Путин раиси порлумони Ҷумҳурии мардумии Донетск, Артём Жога муроҷиат кардааст.
Дар посух ба дархости дахлдори қаҳрамони Русия президенти кишвар розигияш барои иштирокро додаст.
Ваколатҳои феълии Путин ба ҳайси раҳбари давлат 7 майи соли 2024 ба охир мерасад. Интихоботи навбатии президентӣ дар Русия рӯзи 17 март баргузор мешавад.
Путин бори панҷум аст, ки довталаби курсии президентӣ мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, ӯ 6 соли дигар, яъне то соли 2030 дар курсии раҳбари давлат хоҳад буд. Вай бори нахуст соли 2000 ба як давраи чаҳор сол ба мақоми олии давлатӣ интихоб шуда буд.
Омӯзиши афкори омма нишон медиҳад, ки сатҳи ҳимоят аз Путин ва эътимод ба ӯ наздики 80%-ро ташкил медиҳад.