ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иҷрои барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025-ро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, дар муҳокимаи парлумонӣ зикр шуд, ки барои татбиқ барнома дар умум ҷудо намудани наздики 27 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷа пешбинӣ шудааст.
Дар доираи барнома таҷдиду тармими 16 ёдгории меъморию таърихӣ, аз ҷумла барқарорсозии шаш қалъа, се мақбара, як шаҳрак, ду масҷиди таърихӣ, як мадраса, як манора, як дайри буддоҳ ва як мавзеи тасвирҳои рӯисангӣ ба нақша гирифта шудаст.
Зикр гардид, ки давоми солҳои 2021-2023 барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо 8,7 млн сомонӣ ҷудо шудаст, ки қариби 58%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Бо сарфи ин маблағҳо, аз ҷумла "Қалъаи Бешкент"-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии "Шоҳи Хомуш" дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки "Тахти Сангин" дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи Хоҷа Сангхок" дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон", 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.
Пас аз баррасиҳо вакилони парлумони Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи ёдгориҳо дар кишвар тавсияҳо доданд. То ҳол бо пешниҳоди Тоҷикистон бархе аз ёдгориҳои кишвар ба феҳрасти мероси умумибашарӣ пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун аз иншооти нодири Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаанд.