ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ахиран калиди хонаҳо дар як маросими тантанави ба соҳибони хонаҳо тақдим карда шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон иштирок намуданд.
Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ҳамаи хизматчиёни давлатиро ҷиҳати соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданашон табрику муборакбод гуфта, қайд доштанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои хизматчиёни давлатӣ шароитҳои беҳтару хубтар фароҳам оварда хоҳад шуд.
“Дар фарҷоми чорабинӣ калидҳои хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонашон супорида шуданд”, - таъкид кардааст мангбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба ВМКБ, бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба истифода дод
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳр бо манзили хизматӣ бунёд гардида убд.
Ддар баробари низомиён дар ин хона ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки манзилҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.