ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон бо кӯшишҳои тарафайн ва муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо сафири нави Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарвар таъкид шудаст. Ба иттилои Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъинро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу кардаст.
Манбаъ афзуд, масоили мухталиф, аз ҷумла амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Ҷонибҳо хостори тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ шудаанд.
Ҳамкории байнипарлумонӣ, муносибот дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ низ муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Сафири дигари навтаъйине, ки хостори мулоқот бо Рустами Эмомалӣ шудаст, намояндаи Олмон Йорк Шуграф будаст.
Раиси Маҷлиси миллӣ дар ин мулоқот изҳори умед кардаст, ки кори сафири нав барои таҳкими ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард.
Дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда, мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.