ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Хабаровск алайҳи се донишҷӯ аз Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин бора Раёсати тафтишоти Федератсияи Русия дар вилояти Хабаровск иттилоъ дод.
Бар хабари манбаъ, донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ороми ин вилоят занозанӣ кардаанд.
"Шӯъбаи якуми тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Хабаровск аз рӯи далели ҷиноӣ бар асоси қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст", - омадааст дар хабари Раёсат.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки донишҷӯён пас аз халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ду донишҷӯи русро латукӯб намуданд.
Зимнан, кормандони ФСБ, ВКД ва ҳамчунин пулиси ОМОН дар хобгоҳ амалиёти мурофиавӣ анҷом дода, 27 муҳоҷирро мавриди пурсиш қарор дод, ки дар натиҷа 3 гумонбари ин ҳодисаро муайян кард.
Зикр гардид, ки донишҷӯёни муттаҳам дар занозанӣ ва нақзи тартиботи ҷамъиятӣ феълан боздошт шуда, масъалаи ба ҳабс гирифтани онҳо баррасӣ мешавад.
Раёсати тафтишот дар Хабаровск мегӯяд, дар робита ба парвандаи ҷиноӣ амалиёти тафтишотӣ идома дорад ва қонунӣ будани будубоши боздоштшудаҳо санҷида мешавад.