СММ: Ғазза хатарноктарин макон барои кӯдакон аст

Ҷонибҳои даргир бояд барои ҳифзи ҷони кӯдакон ҳама корҳоро анҷом диҳанд ва набояд дар ин даhгирӣ дигар кӯдакон қурбон шаванд, гуфтааст созмон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Навори Ғазза бори дигар хатарноктарин макони ҷаҳон барои кӯдакон гуфта шуд.
Дар ин бора раиси Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел, изҳор дошт.
Вай бар ин назар аст, ки тарафҳои даргир бояд ҳама кори аз дасташон меомадаро кунанд, то ҳаёт ва некӯаҳволии ҳамаи кӯдакон, новобаста аз он ки онҳо дар куҷо ҳастанд, ҳимоят шаванд.
"Дар ин муноқиша набояд дигар кӯдакон бимиранд" ,- навиштааст, РИА "Новости" дар такя ба изҳороти Рассел.
Ба гуфтаи вай, аз оғози даргириҳо беш аз 5,3 ҳазор кӯдак ҷон бохтаанд.
"Пеш аз таваққуф, беш аз 5300 кӯдаки фаластинӣ дар 48 рӯзи бомбандозии пайваста кушта шуданд. Ин рақам ҳоло кӯдакони зиёдеро дар бар намегирад, ки ҳанӯз бедарак ҳастанд ва бовар меравад, ки дар зери харобазорҳо мондаанд",- таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари ЮНИСЕФ, агар муноқиша ба миқёс ва шиддати қаблии худ баргардад, метавон тахмин кард, ки ҳамарӯза садҳо кӯдаки дигар кушта ва захмӣ мешаванд.
Рӯзи ҷумъа Нерӯҳои дифои Исроил гуфтанд, ки ҷунбиши фаластинии Ҳамос таваққуф дар амалиёти ҷангиро вайрон карда, ба қаламрави Исроил оташ кушод, низомиёни исроилӣ амалиёти ҷангиро дар навори Ғазза аз сар гирифтанд.
“Масири марг” аз Ғазза мегузарад
Дар ҳамин ҳол Ҳамос Телавивро ба вайрон кардани оташбас гунаҳгор кард. Ба асоси оморҳо пас аз итмоми оташбас аллакай дар пайи амалоти Исроил 178 фаластинӣ кушта шудааст.
Мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Рӯзномаи Wall Street Journal хабар дод, ки оташбас як рӯз тамдид шудааст, аммо ин хабар расман тасдиқ нашудааст.