Соҳибкорони рус метавонанд таъминкунандаи корхонаҳои бузурги Тоҷикистон шаванд

Платформаи рақамии мсп.рф барои баланд бардоштани дастрасии хадамот ва тадбирҳои дастгирӣ барои тиҷорати хурду миёна таҳия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Беш аз 16 ширкати хурду миёнаи Русия ба таҳвили ҷузъҳо барои корхонаҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ карданд.
Қайд карда мешавад, ки ин ба шарофати кори платформаи рақамии мсп.рф имконпазир гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии корпоратсия.
Ҳамин тариқ, платформаи рақамӣ бо мақсади баланд бардоштани дастрасии хидматҳо ва тадбирҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна таҳия шудааст.
"Ба шарофати мсп.рф, соҳибкорони хурду миёна метавонанд таъминкунандаи ширкатҳои бузург на танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, АМА ва Узбекистон гарданд", - таъкид кард директори генералии ҶДММ.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир хадамоти вижа беш аз 1,4 ҳазор вазифаи дархостиро дар бар мегирад, ки аз ҷониби беш аз 60 корхонаи хориҷӣ ҷойгир шудаанд.
ТАЛКО бо як ширкати русӣ шарномаи 3-миллиардрубла имзо мекунад
Қаблан Русия квотаи таълими донишҷӯёни тоҷикро зиёд карда буд. Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт.
Таъкид шуд, ки теъдоди донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил хоҳанд кард, ба ҳазор нафар мерасад.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, бузургтарин квота дар миёни кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон рост меояд.