ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Маскав дар ҳоли ҳозир хеле зиёд аст.
Дар ин бора сардори Раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Маскав Виталий Сучков хабар дод.
Гуфта мешавад, дар нақша аст, ки шумори онҳо дар пойтахт кам карда шавад.
"Объективона вазъият чунин аст, ки барои тавсеаи рушди пӯёии калоншаҳр, пеш аз ҳама, манфиатҳои сокинони он, имрӯз захираҳои иловагии меҳнатӣ заруранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Сучков, аксарияти кулли шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳое кор мекунанд, ки сокинони маҳаллӣ кор кардан намехоҳанд, масалан, “сохтмон, роҳҳо, тоза кардани қаламрав”.
Аммо, илова бар ин, Маскав барои сокинони дигар минтақаҳои Федератсияи Русия як шаҳри ҷолиб аст.
"Афзалияти умумии мақомоти пойтахт дар давраи миёнамӯҳлат тадриҷан коҳиш додани ҳиссаи коргарони ҷалбшуда аз кишварҳои дигар мебошад", - афзуд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми ворид шудан ба пойтахт ба нақша гирифта шудааст, гуфт Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират.
Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумоти насби худро иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд.