Буҳрони об дар Осиёи Марказӣ: Чаро Узбекистон ба реҷаи сарфаҷӯии изтирорӣ гузашт?

Сарвари Ӯзбекистон ба сифати чораи изтирорӣ ҷиҳати пешгирии бӯҳрон дастур дод, ки ба бетонсозии каналу хандақҳои кушод шурӯъ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ӯзбекистон ба реҷаи сарфаи изтирории об хоҳад гузашт.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев зимни як ҷаласаи онлайнӣ бо мақомҳои марбутаи ин кишвар дар бораи тадбирҳои оқилона истифода бурдани захираҳои об ва кам кардани талафи он таъкид кард
Гуфта мешавад, ки сарчашмаҳои дохилии ин кишвар ҳамагӣ 20 дарсади ниёзҳои ин кишвари Осиёи Марказиро таъмин мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи талафоти об иқтисоди Узбекистон имкон дорад, дар як сол 5 миллиард доллар хисорот мебинад.
Ба сифати тадбири таъҷилии пешгирӣ кардани буҳрон таклиф карда шуд, ки ба бетонрезии каналу заҳбурҳои шуруъ карда шавад.
Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?
Ба ин муносибат дар хоҷагии оби ин кишвар "Соли сермаҳсули бетонрезии каналҳо" эълон карда шуд.
Таъкид мешавад, ки ҳадаф то соли 2024 бетонрезии 1,5 ҳазор километр ва то соли 2025 2 ҳазор километри дигар аст.
Қаблан муовини раиси ҳукумати Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гуфта буд, ки коҳиши захираи об, хушксолии зиёд ва обшавии пиряхҳо ба рушди устувори ҷумҳурӣ таҳдид мекунанд.
Ба ақидаи ӯ, тағирёбии иқлим як таҳдиди умумӣ барои ҳамаи кишварҳои Осиё аст.
Илова бар ин, Матлубахон Сатториён мутмаин аст, ки танҳо бо ҳам пайвастани талошҳои технологӣ ва молӣ оқибатҳои офатҳои табииро пешгирӣ ва коҳиш додан мумкин аст.