Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия деҳаи Артемовскоеро дар минтақаи ҶМД озод карданд

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки артиш ахиран деҳаи Артемовскоеро дар қаламрави Ҷумҳури мардумии Донетск озод намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки гурӯҳи "Ҷануб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Донетск деҳаи Артемовское дар ҶМД-ро озод карданд.
Ба иттилои вазорати дифоъ, артиш мавқеъи худро дар хатти ҷабҳа такмил дода, дар як рӯз то 250 низомии украинӣ ва панҷ танкро нобуд карданд.
"Дар самти Донетск воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" бо пуштибонии ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаӣ вазъ дар хатти ҷабҳаро беҳбуд бахшида, деҳаи Артемовскоеи Ҷумҳурии Халқии Донетскро озод карданд", — таъкид кард вазорати дифоъ.
Ғайр аз ин, дар давоми руз се ҳуҷуми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Шума, Артемовское ва Клешеевка ҶМД дафъ карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Марги тадриҷӣ": Нобудии садҳо низомиву даҳҳо техникаи артиши Украина дар се ҳамла
"Душман то 250 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, 5 танк ва 12 мошинро талаф дод, Ҳамчунин як тӯпи худгард M109 Паладин ва системаи тӯпхонаи сохти Амрико M777, ду D-30 ва як тӯпи D-20 ва як системаи чандгонаи ГРАД, инчунин як истгоҳи электронии ҷанги “Буковел-AD” ва як анбори лавозимоти ҷангӣ барои системаҳои мушакҳои сершумор", - гуфт департамент.
Дар самти Донетски ҷанубӣ ҳамлаи артиши Украина дафъ карда шуд, талафоти душман дар як рӯз 160 нафарро ташкил додааст.