ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Исломобод тасмим гирифтааст садҳо ҳазор муҳоҷири афғонро, ки дар қаламраваш ҳанӯз аз солҳои 80 – и асри гузашта ҳузур доранд, ихроҷ кунад.
Асад Дурронӣ дар як суҳбати хос, ки дар ҳошияи нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе сурат гирифт, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ихроҷи муҳоҷирини афғонистонӣ аз Покистон як гоми мудҳиш ва нобахшиданӣ аст.
“Ман барои ин амалкарди ҳукумати Покистон аз мардуми Афғонистон пӯзиш мехоҳам. Таърих инро барои Покистон нахоҳад бахшид”, - гуфт Асад Дурронӣ.
Вай гуфт, ҳангоми суханронӣ дар конфронс аз мардуми Афғонистон барои ихроҷи паноҳҷӯён пӯзиш хоҳад хост.
“Ман ин амали ҳукумати Покистонро маҳкум мекунам ва онро беэҳтиромӣ ба дӯстии баёни ду кишвар меҳисобам"– гуфт Асад Дурронӣ.
Моҳи октябри соли равон Покистон эълом кард, ки шуруъ аз 1 ноябр ҳудуди 1.7 миллион афғонро аз қаламраваш ихроҷ хоҳад кард. Пулиси Покистон ҳамчунин ба соҳибхонаҳо ҳушдор дод, ки аз иҷораи хона барои паноҳандагони ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд.
То ба ҳол, бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, ҳар рӯз 300 хонавода тариқи гузаргоҳи "Турхам" вориди Афғонистон мешаванд.
Тибқи иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳндагон (UNHCR), ки то октябри 2023, 3.7 миллион афғон дар Покистон зиндагӣ мекарданд, ки дар миёни онҳо ҳудуд 700 ҳазор нафар пас аз тасаллути Толибон дар 15 августи 2021 ба Покистон фирор кардаанд.
Исломобод паноҳҷӯёнро масъули афзоиши ҳамалоти ахири гурӯҳҳои мусаллаҳе медонад, ки бештари онҳо тавассути Таҳрики Толибон Покистон (TTP), шарики кори Толибони* Афғонистон, анҷом шудааст.
Асад Дурронӣ гуфт, аксари кулли афроде, ки ихроҷ мешаванд, занону кӯдакон ва афроде ҳастанд, ки аз тангдастӣ ва зиндагии вазнин рӯ ба Покистон оварда, бо мардикорӣ машғул буданд.
“Онҳо ба ТТП ё ягон созмони террористии дигар рабте надоранд. Аъзои созмонҳои террористӣ аксари кулл зодагони худи Покистонанд ва ба онҳо толибҳои Афғонистон аз дохили Афғонистон кӯмак мекунанд, на муҳоҷирине, ки дар Покистон зиндагиву кор доранд”, - гуфт Дурронӣ.
Раиси собиқи истихбороти Покистон гуфт, ин иттиҳомот бепоя ҳастанд ва муҳоҷирини афғонистонӣ аз солҳои 80 ба ин сӯ ҳеҷ амале алайҳи давлати Покистон анҷом надодаанд.
Ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, даври 11 – уми Гуфтугуҳои амниятии Ҳирот бо ширкат ҳудуди 100 коршиносу намояндагони дипломатии 25 кишвари ҷаҳон дар ҷараён аст.