Раҳмон: Тоҷикистон иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ду баробар зиёд хоҳад кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-и ду баробар афзоиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар бораи истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обиву энергетикии Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин самт Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории созандаву судмандро ба роҳ монад.
“Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-и аз ҷиҳати экологӣ тозаро ҳамчун заминаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳем”,- таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Вай илова кард, ки ба таври самаранок мавриди истифодаи минбаъда қарор додани захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иштироки кишварҳои иштирокчии Барнома метавонад ба рушди бозори умумии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар минтақа саҳми назаррас гузорад.
Раҳмон бо Алиев мулоқот карду хостори амният дар Қафқози Ҷанубӣ шуд
Вай афзуд, ки тағйирёбии иқлим ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои минтақаи Барномаи СПЕКА боқӣ мемонад.
“Яке аз нишондиҳандаҳои ин раванд харобшавии манбаъҳои захираҳои об ба шумор меравад, ки дар навбати худ ба таври маҷмӯъ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои мо нақши муҳим доранд”,- зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон илова кард, ки масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи манбаъҳои об ва дигар захираҳои табиӣ бояд дар маркази рӯзномаи кори Барномаи мо боқӣ бимонанд.