ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бастанд.
Дар бораи чӣ гуна амалӣ шудани онҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз як манбаъ дар Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ иттилоъ гирифт.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони вазорати рушди иқтисодии кишварҳо Завқӣ Завқизода ва Микоил Ҷабборов дар бораи тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ тавофуқнома имзо карданд.
"Ин ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт манбаъ.
Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон ба даст овард, сармоягузорӣ ба беҳбуди бахши саноат равона хоҳад шуд.
"Дар қатори самтҳои калидӣ: лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафт дар МОИ "Данғара", сохтмони неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон, афзоиши иқтидори истеҳсолии ТАЛКО", - гуфт манбаъ.
Аз ҷумла, тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, Озарбойҷон барои рушди соҳаҳои зерин сармоягузорӣ хоҳад кард:
ташкили кластерҳои агросаноатӣ,
содироти алюминийи аввалия, криолит ва фториди алюминий аз ҷумҳурӣ,
воридоти гилхок барои эҳтиёҷоти ТАЛКО.
Илова бар ин, Боку ташаббуси пешниҳоди тахфиф ба Душанбе дар нақлиёти роҳи оҳанро пешбарӣ мекунад.
Қаблан руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҷеъ ба масоили дар боло зикршуда ба тавофуқ расида буданд ва вазоратхонаҳо масъулияти иҷрои онҳоро бар дӯш гирифтанд.
"Бо ин мақсад як гурӯҳи кории доимии дуҷониба таъсис дода шудааст, ки барои иҷрои ин тарҳҳо тадбирҳои мушаххас меандешад", - таъкид кард манбаъ.
Ба гуфтаи вай, пас аз сафари давлатии раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба тамоми соли 2022 бештар аст.