Баргузории роҳпаймоии бузург дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии бузург бо иштироки ҳазорҳо нафар баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ баргузор мегардад.
Он аз назди Шаршараи Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт оғоз шуда, то назди пояи Парчами давлатӣ идома меёбад. Баъдан дар назди пояи Парчами давлатӣ барномаи фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад.
Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тараннумгари истиқлолияту парчам ва ватану ваҳдат аз ҷониби ҳунармандон садо медиҳанд.
Меҳргон чӣ ҷашн ҳасту тоҷикон онро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби масъулини шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳо ва гузаргоҳҳо бо Парчами давлатӣ оро ёфта, шиору навиштаҷот доир ба манзалати парчам насб шудаанд.
Ҳамзамон дар нақлиёти ҷамъиятӣ парчамҳо насб гардидаанд, ки ба ҳусни шаҳр зеби дигар мебахшанд.
Бояд қайд кард, ки 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурӣ эълон шудааст ва ҳар сол дар ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.