Барфрезии шадид аксар рустоҳои Суғдро бебарқ гузошт

Боришоти шадиди барф боиси хароб шудани ноқилҳои барқ гардид ва акнун се рӯз мешавад, ки бархе аз рустоҳои ин вилоят барқ надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Дар аксар рустоҳои вилояти Суғд барфи шадид борид, ки дар пай бебарқӣ ба миён овард.
Боришоти шадиди барф аз рӯзи чоршанбе сурат гирифт ва акнун се рӯз мешавад, ки барқи манзилҳои шуморе аз сокинони деҳоти Угук, Овчӣ, Басманда, Каровут, Дархон ва деҳоти Росровут қатъ гардидааст.
Абуқаҳҳор Умаров, сокини деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду рӯз ба ин тараф кормандони идораи барқ симчӯб ва ноқилҳоро таъмир мекунанд, вале ҳанӯз мушкили рухдода бартараф нашудааст.
"Се рӯз мешавад, ки умуман барқ нест, хонаҳо торик, ҳатто телефонҳо заряд надоранд”, - гуфт, сокини Каҷровут.
Ҳамчунин сокинони деҳоти дигари ин ноҳия ҳам дар бораи мушкили бавуҷудомада изҳор мекунанд.
Мурод Урунов, сокини деҳаи Қалъаи дӯст гуфт, ки онҳо ду шомро бидуни барқ сипарӣ кардаанд.
“Ҳарорат сард аст, барқ нест, вақти хӯроки шом хонаҳоро тавассути шамъ равшан мекунем” , - иброз намуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол масъулони ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан мушкили пешомадаро шарҳ доданд.
Як масъули ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барфрезии ду рӯзи пеш сабаби канда шудани ноқилҳои барқгузар шудааст.
Намехоҳем, аммо маҷбурем: Бозгашти "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон ва шарҳи "Барқи тоҷик"
“Мо масъаларо омӯхтем, маълум шуд, ки дар ҷамоатҳои Ваҳдат ва Росровут барфи баланд ҳатто 40 см борид, ки боиси канда шудани ноқилҳо гардидааст. Гурӯҳи корӣ ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, барои зуд бартараф шудани садама корбарӣ доранд”, - гуфт, масъули идораи барқ.
Се рӯз қабл Идораи обуҳавосанҷии кишвар дар бораи барфрезии эҳтимолӣ ва сард шудани ҳарорат дар рӯзҳои оянда ҳушдор дода буд.
Дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии Суғд мегӯянд, ду моҳ ба ин тараф, рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 5:00 - и субҳ дар умум 16 соат барқи манзилҳояшон қатъ мешавад.