ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бинобар лағзиши кӯҳпора дар масири Душанбе - Чаноқ ҳаракат дар ин самт мушкил гардид.
Дар ин бора ширкати роҳбон - IRS бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки ҳодиса дар минтақаи Чореи ноҳияи Айнӣ сар задааст.
Ин ширкат гуфтааст, ки лағзиши кӯҳпора ба беш аз 50 метр роҳ осеби ҷиддӣ расонидааст.
Ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ дар масири пайвандгари маркази Тоҷикистону шимоли ҷумҳурӣ машғул аст, тавзеҳ дод, ки ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.
"Техникаву механизмҳои намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон фавран ба маҳалли зикршуда сафарбар гардида, дар муддати кӯтоҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт имконпазир гардид",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки бо супориши роҳбарият мутахассисони филиали Ширкат барои зудтар таъмир намудани қитъаи мазкур тадбирандешӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ҳавои номусоид дар ҷумҳуриро пешгӯӣ карда буд.
Ин ниҳод аз ронандагони мошинҳо хоста буд, ки набояд ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло баранд. Риояи қоидаҳои бехтараӣ ва фосилаи ҳаракат гарави аслии амният дар роҳҳост.
Кумита аз гардишгарон низ даъват намуд, ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва самтҳои ҳаракати худро бо Кумита ҳамоҳанг созанд.