ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Белару Александр Лукашенко аз тасмимоти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масоили марзӣ бо роҳи дипломатӣ истиқбол кард.
"Мо аз пешрафти хеле хуби президентҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар марзи муштараки онҳо истиқбол мекунем", - гуфт раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар нишасти СПАД.
"Инҳо ҳамчунин масъалаҳои амнияти мо ва масъалаҳое ҳастанд, ки ба салоҳияти СПАД тааллуқ доранд", - қайд кард ӯ.
Ӯ гуфт, ки СПАД як ҷузъи ҷудонашавандаи таъмини амнияти аъзои он ва дар маҷмӯъ дар Авруосиё боқӣ мемонад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
Раисиҷумҳури Беларус қайд кард, ки ба рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки дар Минск ҷараён дорад, мушкилоти кунунии амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро дар бар мегирад.
“Тамоюлҳои асосии рушди вазъи низомиву сиёсии муосир дар минтақаи масъулияти созмон, чи дар маҷмӯъ дар ҷаҳон ва чӣ дар минтақаро таҳлил кардан зарур аст. Барои таҳкими амнияти давлатҳоямон роҳҳои нави ҳалли худро ёфтан лозим аст",- давом дод ӯ.
Минск соли 2023 раёсати СПАДро ба ӯҳда дошт. Ба ин созмон шаш давлат – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.