Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳузури сарони давлатҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо расид.
Ҳуҷҷатҳо ба соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, муҳоҷират, илм, амният ва ёддошт дар бораи шарикии дарозмуддати иқтисодӣ низ ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр барои ширкат дар музокирот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар доираи тангу густурда вориди Маскав шуд.
Раҳбари Русия ҳамтои худро барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни ду кишвар бо ордени "Шараф дар назди Ватан", дараҷаи сеюм мукофотонид