Ҳушдори КҲФ: Ҳосилро эҳтиёт кунед – ҳаво сард мешаваду борону барф меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз тағйирёбии якбораи обу ҳаво ва боридани борону барф ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзҳои оянда тағйири боду ҳаво дар назар аст.
КҲФ қайд кардааст, ки рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2023 дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад, дар минтақаҳои алоҳида борон ва як қатор навоҳии кӯҳии кишвар боридани барф дар назар дошта шудааст.
КҲФ ба аҳолӣ тавсия додааст, ки корҳои саҳроии мондаро сари вақт ба анҷом расонанд ва дар ҷамъоварии ҳосили расида таъхир накунанд.
“Дар ҳоле агар коҳҳои дар саҳро монда доранд, пас барои аз борон осеб надидан онро сари вақт рупӯш кунанд. Бештар ба чорвои хонагӣ ва чорвои саҳро эътибор бояд дод”, - қайд кардааст КҲФ.
Аввалин барф дар Тоҷикистон
Инчунин ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯҳҳо дар чунин ҳаво хеле эҳтиёткор бошанд.
“Дар чунин рӯзҳои борониву сард бачаҳоро ба ғунучини ҳезуму алаф ба кӯҳу доманакуҳҳо нафиристанд. Чорвочаронӣ ва моҳигирӣ ҳам дар ҳамин рӯзҳо маслиҳат нест”, - таъкид кардааст КҲФ.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ ба сокинон тавсия додааст, ки пӯшидани либоси мавсимиро фаромӯш накунанд, чун маъмулан бисёре аз бемориҳо бар асари сармохӯрдагӣ рушд мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи КҲФ ронандагони мошинҳо набояд ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло баранд.
“Риояи қоидаҳои бехтараӣ ва фосилаи ҳаракат гарави аслии амният дар роҳҳост”, -илова кардааст КҲФ.
Ҳамзамон КҲФ аз гардишгарон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва самтҳои ҳаракати худро бо Кумита ҳамоҳанг созанд.