ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Дар фурудгоҳ раҳбари Тоҷикистонро дар зинаи ҳавопаймо Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия пешвоз гирифт.
Дар фурудгоҳ ба ифтихори Раҳмон қаровули фахрӣ саф орост. Оркестри ҳарбӣ гимнҳои ҳар ду мамлакатро иҷро кард.
Дар ин сафар кишвардорро беш аз даҳ вазир раҳбарои хадамоту кумитаҳои гуногун ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуот, дар ҷараёни ин сафар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Русия Владимир Путин дар шакли як ба як ва дар доираи васеи ҳайатҳо мулоқот хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки дар пайи музокирот як бастаи санадҳо ба имзо хоҳад расид.
Раҳмон пас аз сафараш ба Маскав қасд дорад, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ширкат кунад.