ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки рӯзи сешанбе дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Минск масоили амниятӣ, аз ҷумла дар робита ба авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Минск таҳти раёсати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко баргузор мешавад.
Путин қаблан эълом дошт, ки қасд дорад аз Минск боздид кунад ва дар ин чорабинӣ ширкат кунад.
"Албатта, ҷузъи марбут ба таъмини амният дар минтақа хеле муҳим аст, бахусус дар остонаи СПАД дар Минск мо дар бораи ин ҷузъи равобити худ ва пеш аз ҳама дар бораи Афғонистон сӯҳбат хоҳем кард”, - гуфт Путин зимни музокирот бо Раҳмон.
Раисҷумҳури Русия ба ҳамтои тоҷикаш гуфт, ки шумо нисбат ба ҳама чизе, ки дар ин самт рух медиҳад, ҳассостар ва равшантар медонед. Аз ин рӯ, ин бахш хеле муҳим хоҳад буд.
Вай қайд кард, ки дар доираи дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ Русия ва Тоҷикистон хеле амиқ кор мекунанд ва пайваста бо ҳамдигар дар иртибот ва ҳамоҳангсозии мавқеъ қарор доранд.
Кишвардори Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, ки дар рӯзномаи дуҷонибаи Маскав ва Душанбе масоили амниятӣ ҷойгоҳи хосаеро ишғол мекунанд,
"Дар рӯзномаи дуҷониба масоили амниятӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Имрӯз ман мехоҳам бо шумо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои моро баррасӣ кунам", - гуфт Раҳмон.
Қарор аст, ки Раҳмон пас аз сафараш ба Маскав дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ширкат кунад.