ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тоҷикистон хароҷот барои бахши маориф дар соли 2024-ро ба андозаи 1 млрд сомонӣ зиёд карда, ба 8,2 млрд сомонӣ пешбинӣ намудаст.
Ин банд дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда таъкид шудааст, ки Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ онро тасдиқ намуд.
Хароҷоти маориф дар кишвар қариб ба 6%-и маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар хоҳад шуд.
Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, хароҷоти бахш дар соли оянда қариби 3,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидаст.
Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5,5 млрд сомонӣ ҷудо гардидаст. Хароҷоти бахш 635 млн сомонӣ ё 13% афзоиш ёфтаст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш 1,7 млрд ё қариб 15% бештар муқаррар шудаст.
Дар умум хароҷоти Тоҷикистон аз дахлаш дар соли оянда 1 млрд бештар пешбинӣ шудааст
Парлумон даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли 2024-ро 43 млрд сомонӣ тасдиқ кард, ки нисбати нақшаи соли равон қариби 6 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.