ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар мулоқот бо мудири Бонки АвруОсиёии рушд дар Тоҷикистон Якунин Владимир масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додаааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот вазири тоҷик қайд кардааст, ки ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки АвруОсиёии Рушд барои пешрафти иқтисоди миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Таъкид шудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот масоили тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БАОР, татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнокро дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамӯҳлат баррасӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Бонки АвруОсиёии Рушд ва сохторҳои он 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаи грантӣ ва имтиёзноки Бунёди суботи ва рушди Бонки АвруОсиёии рушд ба маблағи 215 млн доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 51,4 млн доллар дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон амалӣ шудаанд.