ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Осиёи Миёна аз сабаби баланд шудани ҳарорати минтақа ба хушксолӣ дучор мешавад.
Дар ин бора дар ҳошияи иҷлосияи 21-уми Кумитаи баррасии иҷрои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (CRIC 21), ки аз 13 то 17 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Коршиносон мегӯянд, ин раванд боиси мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мешавад.
Дар муҳокимаи масъалаҳои иқлим як ҳайати вакилони Тоҷикистон, инчунин 500 нафар вакилони дигар аз тамоми ҷаҳон иштирок намуданд.
Иштироккунандагони нишаст пеш аз ҳама масъалаҳои муборизаи зидди оқибатҳои минтақаҳои хушк, аз ҷумла роҳҳои сабук кардани зарар ба аҳолӣ ва экосистемаро муҳокима карданд.
Дар иҷлосия гуфта шуд, ки бахши аъзами аҳолии Осиёи Марказӣ, яъне 60 дарсад ба кишоварзӣ вобаста мебошад, ки аз хушксолӣ зери хатар аст. Ин метавонад боиси бад шудани сифати зиндагии сокинон дар тамоми минтақа гардад.
Зимнан зикр гардид, ки хушксолӣ метавонад густариш ёбад, аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чораҳо андешидан зарур аст.
Бино ба маълумоти СММ, 152,06 миллион гектар ё 38,43% масоҳати замини Осиёи Миёна дар ҳолати хушксолӣ қарор дорад, ки 1,33%-аш дар ҳолати хушксолии сахт ва 0,23% дар ҳолати хушксолии ниҳоят шадид қарор доранд.
Чунончи, дар Тоҷикистон дар 47%-и тамоми ҳудуд, ё худ 6,7 миллион гектар хушксолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ғайр аз он, дараҷаи хушкӣ фарқ мекунад - аз заиф то изтиробовар.
Нишондиҳандаҳои хушксолӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гунаанд:
Узбекистон — 89,5%-и тамоми қаламрав;
Туркманистон — 88%;
Қазоқистон – 76%;
Қирғизистон — 42,4%.
Дар умум 39%-и заминҳои минтақа барои бартарафсозии хушкӣ чораҳоро талаб мекунад.
Коршиносон таъкид карданд, ки осебпазирии Осиёи Марказӣ дар баробари хушксолӣ бо тағйири иқлим, хушк шудани баҳри Арал, афзоиши аҳолӣ, вайроншавии замин, истифодаи бесамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи ғайримуассири муҳити зист рабт дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни суханронӣ дар ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистон ва Русия дар Қӯстанай гуфта буд, ки камбуди захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад боиси коҳиши ҳосили зироат гардад.