Таъсиси корхонаи хурди банду басти мева дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндаи Агентии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) масъалаи бунёди як корхонаи хурди банду басти меваро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо намояндаи Агентии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал масъалаи бунёди корхонаи хурди банду басти мева баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар додаааст.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин тарафҳо зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишоварзони Туркия, воридоти чигит, тухмии картошка ва дигар зироат, техникаи кишоварзӣ сари вақт амалӣ карда шавад.
Ифтитоҳи корхона, маркази ҷавонон ва сардхона: Идомаи сафари Раҳмон ба Муъминобод
Қайд карда шудааст, ки ҷониби Туркия ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева, омӯзиши мутахассисони соҳа, самтҳои афзалиятноки соҳа ва амалӣ намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.