ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 103,5 фоизро ташкил дод.
Дар ин бора сомонаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар сомонаи худ хабар додааст.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Беларус – 8,1%, Қазоқистон – 4,4%, Русия – 3,3%, Қирғизистон – 0,7%, вале дар Арманистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 0,6% кам шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия, Александр Старков қайд карда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваффақона алайҳи таҳримҳои ғарбӣ истодагарӣ мекунад ва кишварҳои узв ба пешрафтҳо ноил шуданд.
Вай афзуд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё паёмадҳои манфии таҳримҳоро кам кардааст.
Омори ҷамъбастӣ рушди ММД-и Арманистон, Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистонро нишон медиҳад. Дар доираи созмон корхонаҳои зиёди муштарак ташкил ёфта, тиҷорати тарафайн ба ҳадди рекордӣ расидааст, афзуд дипломат.