ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ дар ҷаҳон ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки ояндаро пешгӯинашаванда намудаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хабар дод.
"Тавре ки имрӯз мебинем, мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ кардан ғайриимкон гардидааст", - гуфт ӯ.
Раҳмон таъкид намуд, ки мухолифату низоъҳо дар миёни абарқудратҳо шиддат гирифта, мусаллаҳшавии бошитоб амалӣ шуда истодааст. Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки "ҷанги сард" низ шиддат гирифта истодааст.
Дар феҳрасти зуҳуроти хатарноку фоҷиабори дигар, Эмомалӣ Раҳмон терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзиро ном бурд.
Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан, қӯшунҳои сарҳадӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлатро таъмин намоянд, гуфт Раҳмон.