ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар самти Донетский ҷанубӣ қувваҳои мусаллаҳи Украина теъдоди зиёди низомиёнашро талаф дод. Ҳудуди 145 низомӣ дар ин самт аз сӯи гурӯҳи нерӯҳои "Ҷануб" маҳв шуданд.
Ба таъкиди сардори хадамоти матбуоти гурӯҳи "Ҷануб", Олег Чехов, низомиёни украинӣ дар минтақаҳои Новомихайловск, Старомайорск, Урожайни ва Приютни нобуд карда шуданд.
"Ҳавопаймоҳо, мушакандозон ва артиллеристҳои гурӯҳи "Ҷануб" дар самти Донетски ҷануби то 145 сарбоз, мошинҳо ва ду истгоҳи ҷангии электронии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд", - изҳор дошт сухангӯи гурӯҳи "Восток".
Ин гурӯҳ ҳамчунин аз ҳашт кӯшиши гардиши нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Донетский ҷанубӣ ҷилавгирӣ кард.
Қаблан Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар самти Донетский ҷанубӣ як рӯз қабл 70 сарбози украинӣ нобуд гардид.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".