Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон бемории сурхча нест

Дар ҳоле, ки маризии сурхча ҳоло аксари минтақаҳои Қазоқистонро фаро гирифтааст, мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ҷилави бемориро гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон бемории сурхча нест, иттилоъ дод сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо эмгузаронии саросарӣ ҷилави ин бемориро гирифтаанд.
"Мо охири моҳи сентябр маъракаи ваксинатсияи кӯдакони аз 6-моҳа то 15 - соларо дар тамоми кишвар бо фарогирии зиёда аз 3,4 млн нафар анҷом додем", - изҳор дошт Ҷаъфаров.
Ӯ қайд намуд, ки бо ин чораҷӯи пеши роҳи сироят дар Тоҷикистон гирифта шуд. Ба таъкиди намояндаи Вазорати тандурустӣ, бемории сурхча дар Тоҷикистон то аввали моҳи март буд.
Охири моҳи август вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани даври навбатии "рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон" дар Тоҷикистон эълон карда буд.
Вориди 2,5 млн ваксина барои моякӯбии кӯдакон бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон
Ба иттилои манбаъ моякӯбӣ дар тамоми нуқоти Тоҷикистон ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод роҳандозӣ шуда буд.
Дар нимаи аввали соли равон моякӯби бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод амалӣ гардида буд.