Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳо дар бахши обу хок ва кишоварзиро густариш хоҳанд дод

Ҳамкориҳои мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи обу хок ва соҳаи кишоварзӣ ва имкониятҳои муосири обёрӣ густариш хоҳанд ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Муовини вазири кишоварзии Эрон Сафдар Ниёзи Шаҳракӣ ахиран дар ҳошияи 25-умин Ҳамоиши байналмилалии обёрӣ ва заҳкашӣ бо ҳайати эъзомии Тоҷикистон ба ин ҳамоиш дар нишасте ширкат кард, иттилоъ додааст “Садои Хуросон”.
Ба иттилои манбаъ дар ин нишаст муқаррар шудааст: бо таваҷҷуҳ ба ин, ки соли оянда коргоҳи байналмилалии заҳкашӣ тавассути Кумитаи байналмиллалии обёрӣ ва заҳкашӣ дар кишвари Тоҷикистон баргузор меишавад, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон низ дар ин замина тавсеа ёбад.
Эрон бахусус муованати обу хоки Вазорати кишоварзӣ дар ҳавзаи сомонаҳои навини обёрӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои хубе, ки дорад, намоишгоҳи комилеро дар ҳошияи ин коргоҳ баргузор мекунад.
Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон меояд
Ҳамин тавр дар ин нишаст муқаррар шуд ду кишвар ба манзури табодули иттилоот ва дониши рӯз дар заминаҳои мухталиф, коргоҳҳои омӯзишии мавриди ниёзи тарафҳоро бо ҳам баргузор кунанд.
Ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла тавлид ва таҳияи лавозим ва таҷҳизоти обёрӣ ва ҳамин тавр таҷҳизоти бо масрафи энергии камтар аз дигар мавзӯъоти матраҳшуда дар ин нишаст буд.