Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноати сабук меафзояд

Дар 9 моҳи соли 2023 шумораи умумии корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба 815 адад расида, беш аз 18 ҳазор нафар дар ин ҷо бо кор таъмин гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноати сабук меафзояд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2023 шумораи умумии корхонаҳои саноати сабук ба 815 адад расид, ки дар онҳо аз 18,5 ҳазор кас бо кор таъмин шуданд.
Ба ин рақам инҳо шомил мешаванд:
242 корхонаи хурду калони коркарди пахта — 3,8 ҳазор ҷои кор;
125 корхонаи бофандагӣ ва қолинбофӣ – 7 ҳазор ҷойи корӣ;
173 корхонаи дӯзандагӣ – 3,7 ҳазор ҷойи корӣ;
28 корхонаи чарму пойафзол — 933 ҷойи кор;
97 фабрика ва коргоҳи чубу тахта, истеҳсоли картон ва маснуоти чӯбу тахта — 1,1 ҳазор ҷои кор;
2 корхонаи истеҳсоли памперс – 111 ҷойи корӣ;
6 корхонаи халтахои полипропиленй — 688 ҷойи кор;
142 корхонаи мебелсозӣ — 965 ҷойи кор.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ ёфт.
Ифтитоҳи корхона, маркази ҷавонон ва сардхона: Идомаи сафари Раҳмон ба Муъминобод
Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.