ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Шумори қурбониёни Ожонси кумак ва кор бо паноҳандагони фаластинии СММ дар навори Ғазза ба 88 нафар расид.
Ин нукта дар эъломияи имзокардаи раҳбарони бахшҳои кӯмакҳои башардӯстонаи СММ баён шуда, ҷонибҳоро ба оташбас даъват кардаст. Ҳамчунин дар изҳорот аз Ҳамос даъват шудааст, ки гаравгонҳоро раҳо кунад.
"Ин талафоти бузургтарини Созмони Милали Муттаҳид, ки то ҳол дар як муноқиша сабт шудааст", - омадааст дар изҳорот.
Санади мазкурро муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона, Мартин Грифитс, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейюс, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел ва дигарон ба имзо расидаанд.
"Ҳудуди 30 рӯз сипарӣ шуд (аз оғози даргириҳо дар Ғазза - Sputnik). Ҳама чиз ҳад дорад. Ин бояд қатъ шавад", — омадааст дар изҳорот.
Рӯзи 7 октябр Исроил мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа аз навори Ғазза қарор гирифт. Дар посух Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.
Маскав низ ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда, роҳи коҳиши шиддати ташаннуҷ дар минтақаро иҷрои қарори СММ аз соли 1947 дар мавриди ташкили ду давлати мустақил - Фаластин ва Исроил медонад, ки то ҳол танҳо дуюмияш ташкил шудасту халос.