ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи Конститутсия баён дошт.
"Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд", - гуфт ӯ.
Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд.
Президент афзуд, бо дарназардошти вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳон, рӯз ба рӯз вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки ба Конститутсия эҳтиром гузораду меъёрҳои онро риоя намояд.
"Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд", - иқтибос овард Раҳмон аз моддаи 10-и Конститутсия.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки омӯхтану эҳтироми Конститутсияро бояд ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намуд.