Рӯзи ваҳдати мардумиро дар Русия чӣ гуна таҷлил карданд?

Таърихи ин ҷашн ба соли 1612 бармегардад, ки мардумтаҳти роҳбарии Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский Маскавро аз истилогарони лаҳистонӣ озод карданд.
Sputnik
1 / 11

Аз соли 2005 ба ин сӯ дар Русия 4 ноябр ҳамчун Рӯзи Ваҳдати мардумӣ таҷлил мегардад ва ин рӯз таътил мебошад.

2 / 11

Ба хотири ин рӯз, президенти Русия, Владимир Путин, дар майдони Сурх дар назди ҳайкали Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский гулчанбар гузошт.

3 / 11

Таъкид мешавад, ки таҳти роҳбарии ин ду нафар халқҳои мухталифи Русия сарҷамъ шуданду кишварро аз истилогарон озод намуданд.

4 / 11

Ин рӯзро дар Русия бо барномаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва ҳамоишу роҳпаймоиҳо таҷлил мекунанд.

5 / 11

Дар қаламрамҳои нави Русия, аз ҷумла ҷумҳурии мардумии Лаганск низ аз ин рӯз таҷлил карданд.

6 / 11

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Санкт-Петербург низ баргузор гардиданд.

7 / 11

Иштирокдорони чорабиниҳои ҷашнӣ дар назди харитаи кандакоришудаи Русия дар Симферопол. У

8 / 11

Дар майдони марказии Владивосток низ фазо идона буд.

9 / 11

Дар ин рӯ ба шаҳрвандон чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ пешниҳод гардид.

10 / 11

Кӯчаҳои Новосибирск низ намои ҷашнӣ доштанд дар ин рӯз.

11 / 11

Иштирокдори навраси таҷлили Рӯзи ваҳдати мардумӣ дар Русия.