Русия даҳҳо тони дигар кумаки башардӯстона ба Ғазза фиристод

Тайи тақрибан ду ҳафтаи охир ин бастаи сеюми кумакҳои башардӯстонаи Русия мебошад, ки Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба осебдидагони Ғазза мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ду ҳавопаймои вижаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои аҳолии навори Ғазза 60 тонна бори башардӯстона интиқол медиҳанд.
Ҳавопаймоҳои Ил-76 аз фурудгоҳи Грозний ба Миср парвоз карданд ва дар он ҷо кумак ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супурда мешавад ва сипас онро ба аҳолии навори Ғазза равона мекунанд.
Ин бастаи сеюми кумакҳои башардӯстонаи Русия мебошад, ки Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба осебдидагони Ғазза мерасонад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дастур дода буд, ки ба сокинони навори Ғазза кумаки башардӯстона расонад.
Гутерриш аз ҳамлаи Исроил ба корвони ёрии таъҷилӣ дар Ғазза интиқод кард
Ҳамин тариқ, 28 тонна бор дар ду ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ барои интиқоли минбаъда ба навори Ғазза ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср ирсол гардид. Аз ин пештар 27 тони дигар фиристода шуда буд. Кӯмаки башардӯстона доруҳо, гемостатикҳо ва либосҳоро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Қазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ қарор барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.