ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тарҳи сохтмони макотиби русӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Гуруҳи мутахассисон барои лоиҳа, фарҳанги маҳаллиро муддати дароз омухт.
Дар ин бора дизайнер ва блогнависи машҳур Артемий Лебедев изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ҳам барои донишомӯзон ва ҳам барои омӯзгорон қулай ва зеботарин дар мадди аввал буд.
Лебедев инчунин таъкид кард, ки дар натиҷаи кори анҷомшуда на танҳо бо ин лоиҳа аз наздик шинос шуд.
"Ин як ҳолати махсус нест, ки ман метавонам ба ягон пойтахти ғайр аз Маскав биёям ва дар бораи ягон объект бигӯям, ки мо бо он муносибате дорем",- гуфт лоиҳакаш.
Илова бар ин, мутахассис изҳор дошт, ки ин 5 мактаби русӣ-тоҷикӣ "дастоварди асосии мост".
Тоҷикистон омӯзиши забони русиро дар мактабҳо ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, мегӯяд роҳбари департаменти сиёсати иттилоотии агентии федералӣ Антон Черменский.
Ба гуфтаи ӯ, чунин маълумот дар натиҷаи як назарсанҷии Россотрудничество дар якҷоягӣ бо Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ба даст омадааст.
Ҳамин тариқ, 84%-и пурсидашудагон ҷонибдори густариши таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд.
Дар навбати худ, 14% пурсидашудагон бар ин боваранд, ки ҳама чиз бояд бетағйир боқӣ монад ва танҳо барои 2% ҷавоб додан душвор буд.