Боронқул Боронкӯлу Охҷар Сурхдара шуд: Ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз ивази баъзе ҷойномҳо

Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон қарори тағйири бархе ҷойномҳо дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлонро ба имзо расонид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Номи 11 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Восеъ иваз карда шуданд.
Тағйироти мазкур аз ҷониби ҳукумат дар асоси пешниҳоди вакилони маҳаллии ноҳияи мазкур ироа гардида, палатаи болоии парлумон онҳоро қабул намуд.
Бар асоси қарори нашршуда, деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуда, номи он ба Заҳматобод иваз карда шуд.
Номи деҳаи Саъдуллои Шарифи деҳоти Гулистон ба деҳаи Шарифобод, деҳаи Рамазон Файзови деҳоти Тугарак ба деҳаи Боғи нав, деҳаи Ҳасан Қурбонови деҳоти Тугарак ба деҳаи Ҳасанобод баргардон шуд.
Мурғоб, Марғоб ё Марғеб: Кумитаи забон гуфт, дар Тоҷикистон номҳои таърихиро эҳё мекунанд
Ҳамзамон деҳаи Ҳамид Баротови деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба деҳаи Ҳамидобод, деҳаи Арали деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Хушобак, деҳаи Туғайи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Туғистон ва деҳаи Элмурод Хоҷаеви деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Гулмайдон табдили ном кард.
Вакилон инунин аз ивази номи деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Сурхдара, деҳаи Истиқлоли деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Дашти Боло ва деҳаи Боронқули деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Боронкӯл ҷонибдорӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран тағйири ҷойномҳоро, ки беш аз 3,5 ҳазорро дар бар мегирад, ҳукумати кишвар моҳи августи соли ҷорӣ тасдид кард буд ва ба гуфти мақомот ин кор идома мекунад.
Ҷонибдории ҳукумат аз тағйири бархе ҷойномҳо дар шарқи Тоҷикистон
Қаблан раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода гуфта буд, ки дар Тоҷикисттон 12778 ҷойном сабт шудааст, ки ғайримеъёрӣ буда ба қоидаҳои забон, қонунгузорӣ мутобиқат намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, аз арқоми зикршуда 7695 объекти ҷуғрофӣ ва 5083 маҳаллаи аҳолинишин ва шаҳраку шаҳру навоҳӣ ҳастанд.
Тағйири ҷойномҳо дар Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ идома дорад ва ивазсозии номҳои ҷуғрофиеро, ки дар замонҳои то ва баъд аз шӯравӣ ба табъи сиёсатҳои давр ва бар ивази номҳои таърихии миллӣ гузошта шуда буданд, ҳадаф қарор гирифтааст.