Тағйироти кадрӣ: Раҳмон дар АМИТ раҳбарони ду пажуҳишгоҳро барканор кард

Сабаби барканории ҳарду мақомдор гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад, аммо то кунун дақиқ нест, ки ба кадом вазифаҳо таъйин шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон судури ду фармон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Ҳамин тариқ тибқи қарори ҳукумат Назар Муъмин Абдуҷалол аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ озод карда шуд.
Сабаби барканории номбурда гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Ҳамзамон Фарҳод Шокир низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барканор шудааст.
Ӯ ба ин мақом бо қарори ҳукумати кишвар аз 5 феврали соли 2019 нишаста буд.
Дар бораи мақомҳои нави ин афрод ва ҳамчунин раҳбарони нави пажуҳишгоҳҳо иттилое нест.
Тағйироти кадрӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон: Раҳмон 10 судяро таъйину барканор кард
Маврид ба зикр аст, ки Назар Муъмин Абдуҷалол бошад, дар вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ наздики 12 сол ифои вазифа кардааст.
Пажуҳишгоҳи мазкур бо қарори ҳукумати ҶТ (аз 4 феврали с. 2011, №35) дар натиҷаи муттаҳидсозии Институти фалсафа ва Институти давлат ва ҳуқуқи АИ таъсис ёфтааст.