ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Нақшаҳои Исроил дар бораи аз навори Ғазза ба Миср ва Канада кӯчонидани фаластиниҳо ҳалли низоъ дар Шарқи наздикро мушкилтар мегардонад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баён дошт.
"Ин, албатта, на сулҳу на амниятро дар минтақа таъмин намекунад, балки танҳо муноқишаро амиқтар мекунад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Лавров чунин бархӯрди Исроил танҳо хӯшаҳои нави хашмро мекорад, ки дер ё зуд боз аз худ дарак хоҳад дод.
"Пеш аз нақшаи барпо кардани моҷароҳои навбатӣ беҳтар аст, ки гирдиҳам омада, дар мавриди татбиқи қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ мувофиқа кунанд", - изҳор дошт дипломат.
Илова бар ин, вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав аз нақшаҳои аз байн бурдани дурнамои таъсиси давлати Фаластин, ки фаластиниёнро ба мавҷудияти абадии бидуни ҳуқуқ маҳкум мекунад, хеле нигарон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки СММ барои ҳалли муноқиша дар Шарқи Наздик ҳанӯз соли 1947 барои ташкили ду давлати мустақили Исроил ва Фаластин қарор карда буд, ки то ҳол якумӣ ташкил шудаасту дуввумӣ не.
Маскав яке аз роҳҳои бунёдии ҳалли низоъ дар Шарқи Наздикро ташкили ду давлати мустақил медонад.