Сенатор: Русияву Тоҷикистон дар бораи ягонагии қонунҳо дар иқтисодиёт кор мекунанд

Ҳайати Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссияи ҳамкориҳои байни ниҳодҳо бо палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор гардид, ширкат варзид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Вакилони порлумони Русия ва Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар бахшҳои иқтисод, маориф ва сайёҳӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Николай Журавлев изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ҳайати Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссияи ҳамкории ин ин ниҳод бо палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, ширкат кард.
Вай қайд кард, ки вазъи кунунии геополитикӣ боиси табдили бозор шуда, занҷирҳои таъминот тағйир ёфта, татбиқи лоиҳаҳо миёни Русия ва Тоҷикистон мутаносибан суръат гирифтааст.
Сенатор афзоиши гардиши мол байни кишварҳоро қайд кард - дар давраи аз январ то июли соли ҷорӣ он аллакай ба 800 миллион доллар расидааст.
Намоишгоҳи мошинсозии махсуси Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе
Вай афзуд, дар баробари ин, саҳми арзҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилан миёни Русия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Журавлев гуфт, ки кишварҳо ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди пахта, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи кишоварзӣ, саноати кимиё ва дигар соҳаҳои саноат манфиатдоранд.
Муовини раиси Шӯрои Федератсия бар зарурати кори муштараки қонунгузорони Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии меъёрҳо ва қоидаҳои танзим ва дастгирӣ дар соҳаи иқтисодӣ таъкид кард.
Яке аз масъалаҳои марказии ҳамкориҳо бахшҳои гуманитарӣ ва таълимӣ, аз ҷумла лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" мебошад.