ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Русия имкони сода кардани раванди муолиҷаи саривақтии кӯдакони муҳоҷирро меомӯзад.
Дар ин бора Мария Лвова-Белова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Федератсияи Русия хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин ҳадаф тавассути ҷорӣ намудани талаботи ҳатмӣ амалӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, оилаи хориҷӣ бояд полиси суғуртаи тиббии ихтиёрии фарзандашро харад.
"Якҷоя бо Вазорати тандурустии Русия дар ояндаи наздик арзиши эҳтимолии суғуртаро ҳисоб мекунем, ки ҳаҷми асосии кӯмаки тиббиро дар бар мегирад", - таъкид кард Лвова-Белова.
Вай гуфт, ки ин сиёсат метавонад ҳуқуқи кӯдаконро ба ҳифзи саломатӣ ҳифз кунад.
Илова бар ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак итминон дорад, ки чунин тасмим барои пешгирӣ аз мушкилиҳо бар асари худтабобаткунӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сироятҳо дар гурӯҳҳои кӯдакона мусоидат мекунад.
Қаблан Русия аз афзоиши шумори муҷаввизи кор, ки шаҳрвандони хориҷӣ гирифтаанд, хабар дода буд.
Тибқи омор дар охири 8 моҳи соли 2023, афзоиш 20% будааст. Қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ 110,5 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 19,6% зиёд аст.
Қобили зикр аст, ки аз ин 46,1 ҳазор ҳуҷҷат ба мутахассисони баландихтисос дода шудааст - дар ин ҷо афзоиш 0,9 фоизро ташкил додааст.