ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Эрон хабар додааст.
Боздиди ӯ Тоҷикистон дар доираи сафари ҳайати тиҷоратии ҷумҳурӣ ба Душанбе сурат мегирад.
Қарор аст, ки намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аз 7 то 12 ноябр доир шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи чорабинӣ конфронсҳои тиҷорӣ ва боздидҳои тиҷоратӣ дар назар аст.
Дар ин чорабиниҳо соҳибкорон, саноатчиён ва намояндагони расмии ду кишвар ширкат хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад.
Қарор аст, ин чорабинӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз 8 то 9 ноябр баргузор шавад.
Кишварҳо ҳамчунин қасд доранд имкони боз кардани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, бахусус тавсеаи парвозҳо дар ду самтро баррасӣ кунанд.