ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тасвиби Созишномаи манъи озмоишҳои ҳастаиро лағв мекунад.
Ин санад дар вебсайти нашрияи расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки қонун дар бораи бозпас гирифтани тасвиби Паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ аз номи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин таҳия шудааст.
Мувофиқи ҳуҷҷати расмӣ моддаи 1-уми қонун "Дар бораи тасдиқ намудани Шартномаи манъи озмоишҳои яроқи ядроӣ" бекор карда мешавад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Маскав метавонад нисбат ба Вашингтон мисли оина рафтор кунад.
Баъд аз ин, котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков қайд кард, ки хурӯҷи Русия аз ин созишнома маънои нияти гузаронидани озмоишҳои ҳастаиро надорад.
Паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ соли 1996 ба имзо расида буд. Аммо як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, ба фарқ аз Русия, ки дар соли 2000 ин корро карда буд, то ҳол онро тасвиб накардаанд.
Дар баробари ин давлатҳое, ки яроқи ҳастаӣ доранд, барои нагузарондани ин гуна озмоишҳо ихтиёран уҳдадор шудаанд.
Моҳи март муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков қайд карда буд, ки вазъ дар атрофи паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ ба далели амалҳои ИМА боиси нигаронии бештар мегардад.