Русия қасд дорад бо Тоҷикистон долонҳои нақлиётиро густариш диҳад

Муовини вазири нақлиёти Русия низ идеяи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Русия дар рушди долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, имконоти азимро мебинад.
Дар ин бора муовини вазири нақлиёти Федератсияи Русия Дмитрий Зверев хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин изҳорот дар чаҳорчӯби нахустин форуми байналмилалии нақлиётии Созмони ҳамкориҳои Шанхай садо дод.
"Мо дар рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Ҳиндустон иқтидори бузургро мебинем", - изҳор дошт Дмитрий Зверев.
Муовини вазири нақлиёти Русия ҳамчунин идеяи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро пешниҳод кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Анҷумани якуми байналмилалии нақлиётии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷараён дорад.
Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши байналмилалии нақлиётии СҲШ ширкат мекунад
Иштирокчиёни ин чорабинӣ рушди зерсохтори нақлиётӣ ва бунёди долонҳои нави нақлиётию логистикиро дар фазои иттиҳод баррасӣ мекунанд.
Тибқи барнома, дар ҳошияи форум ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, форуми байналмилалии авиатсионии Aviation and Logistiks 2023, инчунин намоишгоҳи байналмилалии Trans Logistica Uzbekistan 2023 баргузор мешавад.